Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай конфронси "Қалби Осиё"-ро боз кард


Ҳомиди Карзай

Ҳомиди Карзай

Рӯзи панҷшанбе дар Кобул президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай конфронси байналмилалӣ бахшида ба таҳкими назму субот ва рушди иқтисодии ин кишварро ифтитоҳ намуд. Дар нишасти якрӯза, ки “Қалби Осиё” унвон гирифтааст, Карзай даъват кард, ки ҳамкориҳои Афғонистон бо кишварҳои минтақавӣ тавсеа ёбад. Ӯ гуфт, рушди иқтисодӣ дар раҳоӣ аз терроризм, ифротгароӣ ва хушунат саҳм хоҳад дошт.
Дар нишаст намояндагони 30 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ ва аз ҷумла мақомҳои баландпояи ИМА, Русия, Британия, Олмон, Эрон, Туркия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳузур доранд. Дар конфронс ҳайатҳои паймони НАТО, Иттиҳодияи Аврупо ва СММ низ ширкат меварзанд.
Эътилофи байналмилалии зери раҳбарии паймони НАТО тасмим гирифтааст, то охири соли 2014-ум бахши бузурги аз нерӯҳои байналмилалиро Афғонистон берун кашад. Феълан шумораи нерӯҳои зери раҳбарии НАТО ба тахминан 130 ҳазор нафар баробар аст.
XS
SM
MD
LG