Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панетта: "Кумак ба Покистон бояд шарт дошта бошад"


 Леон Панетта-вазири мудофиаи ИМА
Леон Панетта-вазири мудофиаи ИМА
Вазири мудофиаи ИМА Леон Панетта мегӯяд, Вашингтон бояд имкони шартгузорӣ дар муқобили кумак ба Покистонро баррасӣ кунад. Аснои сӯҳбат дар Сенати ИМА Панетта иброз дошт, ки Покистон барои нерӯҳои ИМА роҳҳои заминии интиқоли муҳимот ба Афғонистонро баста, ба ИМА миллионҳо доллар зиён мерасонад:
Мо ба хотири коҳиши нерӯҳо ва идомаи таъминоти сарбозонамон роҳҳои транзитии шимолиро истифода мебарем. Ба фикрам ин иқдом ҳар моҳ 100 миллион доллар қимат дорад.”
Моҳи ноябр баъди куштори тасодуфии 24 сарбози покистонӣ аз тарафи нерӯҳои НАТО Покистон истифодаи роҳҳои заминиаш барои эътилофи байналмилалии зери раҳбарии НАТО-ро манъ кард. Рӯзи душанбе ИМА эълон кард, ки музокирот барои боз намудани роҳи икмолотии Покистонро, ки натиҷае наовардааст, канор гузошта, ҳайаташро аз Покистон бозмехонад.
XS
SM
MD
LG