Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парвози ҳавопаймоҳои "Тоҷик Эйр" ба Кобулу Деҳлӣ


Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба Афғонистону Ҳиндустон парвоз анҷом хоҳад дод. Бино ба иттилои Лола Кенҷаева, сухангӯи ширкат, парвозҳо аз Душанбе ба Ҳиндустон аз рӯзи 29-уми июн оғоз мешавад ва ҳар ҳафта дар рӯзи ҷумъа сурат хоҳад гирифт.

Аммо ба самти Кобул ҳавопаймои “Тоҷик Эйр” ҳар рӯзи сешнабе парвоз хоҳад кард. Тӯли парвоз аз Душанбе ба Кобул расо якуним соат хоҳад буд. Ба гуфтаи Лола Кенҷаева интизор меравад, парвози нахустин ба пойтахти Афғонистон дар авоили моҳи оянда шурӯъ шавад.
XS
SM
MD
LG