Пайвандҳои дастрасӣ

ОПЕК коҳиши содироти нафтро баррасӣ мекунад


Вазирони кишварҳои узви ОПЕК, Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт имрӯз дар шаҳри Вена пойтахти Австрия масъалаи коҳиши содироти нафтро баррасӣ мекунанд. Қимати нафт назар ба се моҳи гузашта 30 доллар поин омада ва ҳоло ҳар бӯшкаи он камтар аз 100 доллар фурӯхта мешавад. Ба гуфтаи муомилакунандагони нафт, поин омадани қиматҳо ба шарофати афзоиши содироти нафт аз Арабистони Саудӣ аст, ки коҳиши маҷрои нафт аз Эронро ҷуброн мекунад. Ин кишвар бинобар барномаҳои баҳсбарангези атомиаш таҳти таҳримоти сахти Амрико қарор гирифтааст. Воридоти нафт ба бозорҳои ҷаҳонӣ мумкин аст баъди якуми июл низ камтар шавад, зеро Иттиҳодияи Аврупо аз он рӯз аз хариди нафти Эрон даст мекашад. Эрон аз Арабистони Саудӣ хостааст, ба он кишварҳое, ки хариди нафти Эронро бас мекунанд, нафт нафурӯшад, вале Саудия гуфтааст, ба ҳар кишваре, ки хоҳад нафт хоҳад фурӯхт.
XS
SM
MD
LG