Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон як миллион дона телефон мехарад


Мақомоти Тоҷикистон қасд доранд, 1 миллион адад дастгоҳи телефони маъмулӣ харида ва ройгон ба мардуми камбизоат бидиҳанд. Ба иттилоъи хабаргузории расмии “Ховар”, Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон ба вакилони порлумон гуфтааст, ин телефонҳоро Хадамоти алоқа харида ба 250 ҳазор хонавода аз қишрҳои ниёзманди аҳолӣ, бахусус маъюбон тақсим мекунад. Вакилони порлумон воридоти як миллион дастгоҳи телефони маъмулиро аз молиёт ва боҷи гумрукӣ озод карда, вале пурсидаанд, ки агар аз 1 миллион дастгоҳ як донаӣ ба 250 ҳазор хонавода тақсим шавад, бақияи онро куҷо мекунанд. Дар хабари “Ховар” ҳам посухе ба ин суол нест.
XS
SM
MD
LG