Пайвандҳои дастрасӣ

Размоиши васеъмиқёсе дар Хуҷанд поён меёбад


Имрӯз дар Тоҷикистон размоиши васеъмиқёси нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай хотима меёбад. Бештар аз 2 ҳазор сарбозу афсар аз Тоҷикистону Чин, Русия ва Қирғизистону Қазоқистон дар тамрингоҳи низомии Чоруқдарон дар наздикии шаҳри Хуҷанд шеваҳои мубориза бо гурӯҳҳои тундраву террористиро тамрин хоҳанд кард. Дар размоиш танку тӯп, ҳавопаймоҳои ҷангӣ истифода хоҳад шуд ва машқҳоро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва вазирони дифоъи панҷ кишвари узв наззора мекунанд.
XS
SM
MD
LG