Пайвандҳои дастрасӣ

Ангушт ба сӯи ҳам кардани Амрикову Русия


Русия ва Амрико ҳамдигарро ба барангехтани муноқиша дар Сурия муттаҳам карданд. Ҳилларӣ Клинто вазири умури хориҷии Амрико рӯзи чаҳоршанбе дигарбора гуфт, ки Русия бо фиристодани чархболҳои ҷангӣ барои давлати Сурия ҷангро дар ин кишвар шиддат мебахшад. Ӯ ибрози таассуф кард, ки Русия тақозоҳои батакрори Амрико барои қатъи ҳамкориҳои низомӣ бо Сурияро нодида гирифтааст. Аммо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия иддаъо дар бораи интиқоли чархболҳо ба Сурияро рад карда гуфт, кишвараш танҳо қарордодҳои пешинаи фурӯши силоҳ ба Сурияро иҷро мекунад. Бино ба гузоришҳо Сергей Лавров ҳамчунин гуфтааст, ки гӯё Амрико шӯришиёни Сурияро мусаллаҳ мекунад. Аммо Ҳилларӣ Клинтон ин иддаъоро рад кард:"Русия мегӯяд, мехоҳад сулҳу субот барқарор шавад. Ҳеҷ муҳаббати хосе ҳам ба раиси ҷумҳур Башшор Асад надорад ва иддаъо мекунад, ки манофеъи ҳаётиву муносиботе дорад, ки мехоҳад ҳамчунон нигаҳ дорад. Агар онҳо ҳоло ҳаракати созандае накунанд, он ҳамаро дар хатар мегузоранд. Ва ман мехоҳам таъкид кунам, ки Амрико ҳеҷ гуна кӯмаки низомӣ ба Сурия накардааст. Ҳеҷ гуна."
XS
SM
MD
LG