Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров Амрикоро ба низоъангезӣ муттаҳам кард


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, Амрикоро ба он муттаҳам кард, ки гӯё нерӯҳои мухолифи ҳукумати Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурияро бо силоҳ таъмин мекунад. Сергей Лавров дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе дар Теҳрон сухан гуфт, ки дар инҷо бо мақомоти эронӣ дар бораи бӯҳрони Сурия сӯҳбат мекунад. Рӯзи сешанбе Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, Русияро дар шиддат бахшидани низоъ дар Сурия муттаҳам кард ва гуфт, Русия ҳукумати Башшор Асадро бо силоҳҳои вазнин ва чархболҳои пешрафтаи ҷангӣ таъмин мекунад. Ҳерв Ладсоус, раҳбари нозирони Созмони Милал дар Сурия гуфт, ин кишвар акнун ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шудааст. Аммо вазорати умури хориҷии Сурия мегӯяд, инҷо ҷанги шаҳрвандӣ нест ва ҳукумат барои решакан кардани терроризм меҷангад.
XS
SM
MD
LG