Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса хостори таҳримҳои шадидтар болои Димишқ шуд


Фаронса аз Шӯрои амнияти СММ даъват кард, ки таҳримҳои шадидтареро алайҳи ҳукумати Башор Асад бипазирад ва тарҳи сулҳи фиристодаи вижаи СМ оид ба Сурия Кофӣ Аннонро ҳатмӣ барои иҷро эълон кунад. Вазири умури хориюии Фаронса Лоран Фабиус гуфт, ки дар Сурия ҷанги шаҳрвандӣ идома дорад ва барои хатми он бояд Башор Асад ба истеъфо равад.

Аз ин пеш мақомоти Сурия гуфтанд, ки баъд аз ҳашт рӯзи набардҳо шаҳри Ҳаффаро аз дасти “гурӯҳи террористҳои мусаллаҳ” озод карданд. Ошӯбгарон дар навбати худ хабар доданд, ки баъд аз тирборони густардаи шаҳр мавқеъҳои худро дар Ҳаффа тарк намуданд. Дирӯз дар канори ин шаҳр афроди ношинос сӯи нозирони СММ тир андохтанд. Ба нозирон осеб нарасидааст.

Бар пояи як арзёбиии Эрве Ладсу, муовини Дабири кулли СММ оид ба амалиёти башардӯстона, дар Сурия ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шудааст – як бахши бузурги қаламрави кишвар аз назорати ҳукумат берун шудааст ва дар он ҷойҳо задухӯрдҳо миёни нерӯҳои давлатӣ ва ошӯбгарон ҷараён доранд.
XS
SM
MD
LG