Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳрҳои гуногуни Ироқ 84 нафар ҷон бохтанд


Инфиҷор дар Киркук

Инфиҷор дар Киркук

Шумораи қурбониёни силсилаи таркишҳо дар Ироқ ба 84 нафар расид. Беш аз 300 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Дар ин таркишҳо зоийрони шиамазҳаб, кормандони полис ва мардуми раҳгузар ҷон бохтаанд. Дар Бағдод, ба иттилои расмӣ, дасти кам 10 инфиҷор рӯх дод.

Дар шаҳри Ҳилла, воқеъ дар ҷануби Ироқ, ду мошини ҳомили маводи мунфаҷира дар канори тарабхонае инфиҷор шуд, ки он ҷо маъмулан кормандони полис таом мехӯрданд. Дар ин ҳодиса 22 нафар кушта шуданд.

Дасти кам чаҳор тани дигар бар асари таркиши ду мошин дар шаҳри шианишини Балад ба ҳалокат расиданд. Дар шаҳри Киркук дар канори қароргоҳи раиси вилояти мухтори Курдистон Масъуд Барзанӣ се таркиш рӯй дод.
XS
SM
MD
LG