Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳаффа аз дасти "террористҳо" озод карда шуд


Мақомоти Сурия гуфтанд, ки баъд аз ҳашт рӯзи набардҳо шаҳри Ҳаффаро аз дасти “гурӯҳи террористҳои мусаллаҳ” озод карданд.

Ошӯбгарон дар навбати худ хабар доданд, ки баъд аз тирборони густардаи шаҳр мавқеъҳои худро дар Ҳаффа тарк намуданд. Дирӯз дар канори ин шаҳр афроди ношинос сӯи нозирони СММ тир андохтанд. Ба нозирон осеб нарасидааст. Ҳаффа, ки аз такягоҳҳои мухолифини ҳукумати Сурия маҳсуб мешавад, як ҳафта боз ба ҳадафи тирборони нерӯҳои вафодор ба Башор Асад табдил шудааст.

Бар пояи як арзёбиии Эрве Ладсу, муовини Дабири кулли СММ оид ба амалиёти башардӯстона, дар Сурия ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шудааст – як бахши бузурги қаламрави кишвар аз назорати ҳукумат берун шудааст ва дар он ҷойҳо задухӯрдҳо миёни нерӯҳои давлатӣ ва ошӯбгарон ҷараён доранд.
XS
SM
MD
LG