Пайвандҳои дастрасӣ

Қонуни танзим дар 5 сол хароҷоти тӯю сӯр ва азои мардумро дар Тоҷикистон беш аз 8 миллиард сомонӣ коҳиш додааст.

Аммо ба ақидаи мунтақидон, қонуни танзими расму оин ба як манбаи дигари фасод барои мақомоти маҳаллӣ табдил ёфта, тағйири фикрии қобили мулоҳизае дар фарҳанги маъракаороии мардум ҳанӯз ба вуҷуд наовардааст.

600 000 чорвое, ки забҳ нашуд

8 миллиард сомонии сарфашуда, 20 маротиба афзуда, ба 2,5 миллиард сомонӣ наздик шудани пасандози аҳолӣ дар бонкҳо, беш аз 600 000 чорвое, ки забҳ нашуд, ва ҳам аз 55 000 издивоҷи соли 2006-ум ба беш аз 100 000 расидани шумораи издивоҷҳо дар сол – чунин аст чанд маҳсули асосии 5 соли гузашта аз тасвиби қонуни танзими расму оин бар пояи омори раёсати танзими Кумитаи дини Тоҷикистон.

Азизуллоҳ Мирзоев, раҳбари ин раёсат мегӯяд, харҷи ҳар маърака ба ҳисоби миёна 2700 сомонӣ шудааст, ки назар ба 5 соли қабл қариб 6000 сомонӣ камтар аст: “Мо фақат додани хӯроки мардумро дар назар дорем. Инҷо либосу ҷиҳози арӯсу инҳо дохил намешаванд, чунки ин кори шахсии ҳар нафар аст. Баъзе одаме ҳаст, ки барои фарзандаш хона тӯҳфа мекунад, ё мошин, ин кори ӯст. Албатта, фарҳанги маъракаороии мардум ҳам ба низом омад. Қонун сарҳадҳоро муайян кард. Мисли пешина қонун ҳам иҷозат намедиҳад ва худи мардум ҳам ба андеша рафт, ки зарурат нест як ҳафта ё 3 рӯз тӯй кунанд.”

“Мо аз баҳри дастурхон гузаштем”

Баҳригул Воҳидова, як сокини ноҳияи Ҳисор мегӯяд, ахиран байни хешутабори ӯ маслиҳат шудааст, ки дастурхонбариву дастурхонбиёрӣ ба тӯю сӯри ҳамдигарро бас кунанд. Ба ақидаи ӯ, ба ҷои дастурхон кардани қанду чанд тикка матое, ки даҳҳо бор тӯй ба тӯй кашонда мешаванд, онҳо акнун ягон тӯҳфа ё миқдоре пул тӯёна мебаранд, ки тӯйдорро аз як ташвиши бузург – “боиззат” баргардодани дастурхони овардаи меҳмононаш – халос мекунад: “Вақте мо тӯй кардем, қариб 2000 доллар фақат барои харидани либос рафт. Он ҳам ба ғайр аз сарулибосе, ки ба хонаи арӯс бурдем. 2000 доллар пули кам нест барои гардондани дастурхонҳо, ки барои якеаш – 2 либос, барои дигараш – 1 либос ва ҳатман дар ҳар дастурхон бояд ягон рӯймолчаву куртаи мардона мемондем. Аслан даркор набуд, аз тӯй ба тӯй мегаштанд ин либосҳо то замоне ки навиашро аз даст медод ва охирин соҳибаш ё кӯрпачааш мекард, ё дарбеҳи ягон чизи дигар. Барои ҳамин, маслиҳат кардем, ки аз байн бигирем инро.”

Бо ин ҳол, мунтақидон омори расмии мақомот дар бораи маҳсули панҷсолаи ин қонунро ба чолиш кашида мегӯянд, қонуни танзими расму оин муҳимтарин ҳадафи худ - тағйири фикрӣ дар фарҳанги маъракаороии мардумро ҳанӯз иҷро накардааст. Таҳлилгари тоҷик Абдуллоҳи Муҳаққиқ мегӯяд, қонуни танзим дар амал ба як манбаи дигари фасод барои мақомоти маҳаллӣ табдил ёфта, харҷи тӯю маъракаҳо баръакс бештар ҳам шудааст, вале ба рангу сурати нав: “Соҳиби маърака аввал ба ҷамоат рафта иҷозат мепурсад ва ҳатман барои масъулони танзим пешакӣ як зиёфати алоҳида бояд биорояд. Ин оморҳо шояд як худнишондиҳист. Агар 600 000 сар чорво захира шуда бошад, пас, ин ҳама чорвои захирашудаашон куҷост ва чаро нархи гӯшт намефарояд? Чаро гӯштро мо аз Ҳиндустон меорем? Бояд фарҳанги маъракаороии мардумро дигар кард. Танзим бо роҳи маҳдудкунӣ намешавад. Ба таври пинҳонӣ карда истодааст тӯю маъракаашро мардум.”

Қонун догма нест

Абдуллоҳи Муҳаққиқ

Абдуллоҳи Муҳаққиқ

Қонуни танзими расму оин, ки моҳи июни соли 2007-ум ба иҷро даромад, дар ин 5 сол ду маротиба бозбинӣ шуд ва Азизуллоҳ Мирзоев, раҳбари раёсати танзими расму оин дар Кумитаи дин мегӯяд, дар пайи як назарсанҷӣ аз мардум тақрибан 100 пешниҳод ба дасти онҳо расидааст, ки аз ҷумла тағйири соатҳои баргузории маъракаҳо вобаста ба мавсими сол ва ҳам манъ кардани гуштиву бузкашӣ дар тӯйҳои арӯсиро дар бар мегирад.

Азизуллоҳ Мирзоев мегӯяд: “Мо пештар мегуфтем, ки Шумо маъракаҳоро кам кунед, ки барои таъмини рӯзгори навхонадорон ягон кумак шавад. Мардум маъракаҳои кам карданд, вале акнун як мушкил ин шуд, ки дар харидани ҷиҳози арӯс ба мусобиқа пардохтаанд. Мардум акнун худаш мехоҳад, ки дар меъёри ҷиҳоз низ ягон меъёр таъйин шавад. Ба низом овардани ин кори саҳл нест. Мо чӣ ҳақ дорем, ки ба сандуқи як кас сар халонем, ки ту инро куну инро накун. Мо фақат гуфтем, ки ҳар касе ҳар коре ки мекунад, намоишкорона накунад.”

Пули ҷаримаҳо куҷо меравад?

Қонуни танзими расму оин шумори меҳмонони тӯйро дар хонаи тӯйдор бо 200 нафар, дар тарабхона – бо 150 нафар ва шумори меҳмонони маъракаҳои азодориро бо 140 нафар ва замони баргузории маъракаҳоро бо 3 соат маҳдуд ва маъракаҳое, чун “ҳоҷиталбон”-у “домодталбон”, “себегоҳа” ва “ҷумъагӣ”-ро манъ мекунад. Ҳар соҳиби маърака бояд аз пеш шумори меҳмонон, миқдори гӯшту равғану биринҷ ва рӯйхати таомашро ба куммиссиюни танзим ироа карда, иҷозати расмӣ бигирад.

Барои нақзи ин қонун ба маблағи аз 3500 то 18200 сомонӣ ҷарима ҳам таъйин шудааст. Азизуллоҳ Мирзоев, раҳбари раёсати танзими расму оин мегӯяд, танҳо то оғози соли ҷорӣ 906 нафарро ба иллати нақзи қонуни танзим ба маблағи умумии 2,5 миллион сомонӣ ҷарима бастаанд. Пули ин ҷаримаҳо бояд ба сандуқи вижае мерафт, ки раҳбариашро ба вазири собиқи хориҷаи Тоҷикистон Талбак Назаров супурдаанд, вале ин ниҳод дар ин 5 соли гузашта боре ҳам ҳисобот надодааст, ки ин пулҳо куҷо шуд?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG