Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ғозҳои сафеди ҳиндӣ, ки онҳоро барои нозукӣ ва зебоиашон "маликаҳои Зоркӯл" меноманд, дар ҷазирачаҳои мобайни кӯл лона гузоштанд.

Ба гуфтаи сардори мамнӯъгоҳи Зоркӯл, Шоназар Гулаёзов, ин дар ҳолест, ки рӯзи ҳафтуми июн дар Зоркӯл барф борида, баъзе ҷойҳои дарёи Помир, як шохоби рӯди Панҷ, ки аз кӯл сарчашма мегирад, ҳанӯз ҳам яхбастааст.

Мутахассисон мегӯянд, ҳамасола фасли баҳор 86 навъи парранда ба минтақа парида меоянд ва нозуктарину заботарини паррандаҳои кӯчӣ - ғозҳои ҳиндӣ одатан то рӯзҳои аввали моҳи июн дар ҷазирачаҳои кӯл барояшон лонасозӣ ва тухмгузориро анҷом медоданд. Вале ҳавои сарди имсола бозгашти бисёре аз намудҳои ҳайвоноти нодирро ба кӯл ва ҳудуди гирду атрофи он ба муддати зиёда аз як моҳ ба таъхир андохт. Шоназар Гулаёзов гуфт, "ба он нигоҳ накарда, ки ҳаво дар Зоркӯл ҳанӯз хеле сард аст, вале паррандаҳо омаданд, ғозҳои ҳиндӣ ҳам дар ҷазираҳои кӯл лона гузоштанд. Марко Поло дер бошад ҳам, аз муҳоҷират аз қаторкӯҳҳои Аличур ва Ҳинду Покистон баргаштааст ва теъдоди зиёди ин барраҳои нодирро дидем."

Мутахассисон ғозҳои сафеди ҳиндиро як навъ муайянкунанда ва ё индикатори ҳолати табиат меноманд. Номзади улуми биологӣ, Абдулназар Абдулназаров, мегӯяд, "ғози ҳиндӣ намояндаи гурӯҳи ғозҳоест, ки ба шароити сахти кӯҳистон мутобиқ шуда ва зиндагиаш вобаста аст аз шароити муайяни экологии маҳал. Вақте ин паррандаи нозук намеояд ва ё дер парида меояд, ин нишон медиҳад, ки дар шароити кӯҳистон дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ пайвастанд ва ё муҳисти зист коста шудаст."

Аммо Абдулназаров нигарон аст, ки ба муддати зиёда аз як моҳ дер омадани "маликаҳои Зоркӯл" ба ҷои тухмгузориашон ба афзоиши саршумори ин паррандаи нодир пайомадҳои ногувор хоҳад дошт. Зеро таъхир дар тухмгузорӣ боис мешавад, ки чӯҷаҳо то тирамоҳ хуб инкишоф наёбанд ва дар роҳи бозгашт талаф ёфтани қисме аз онҳо низ мумкин аст. Вай афзуд, "заргулдор омад, як намуди боша ҳам дер омад. Аммо ғозҳои ҳиндӣ хеле дер карданд ва агар зимистон барвақт биёяд, чӯҷаҳо тайёр намешаванд ва дар вақти роҳ паймудан нобуд шуданашон мумкин аст."

Бархе аз мутахассисон нигаронанд, ки тағйирёбии тез-тези ҳаво боиси талаф ёфтани паррандагони нодир шуда метавонад. Зеро чанд сол қабл бар асари сардии якбораи ҳаво ба дунболи гармӣ дар Булункӯл паррандаҳои зиёди нодир нобуд шуданд. Журналист Умед Мамадпаноев мегӯяд, "охири моҳи апрел буд, ҳаво якбора сард шуд, паррандаҳое, ки аз мамлакатҳои гарм омада буданд, тоб наоварда бисёрашон нобуд шуданд. Сокинон мурдаи паррандаҳоро аз саҳро ва кӯҳу пушта ҷамъ намуда, барои зебоӣ дар девори хона ва ҳавлиҳояшон меовехтанд."

Зоркӯл, ки дар қомусҳо бо номи "Виктория" ҳам ёд мешавад, дар баландии 4126 метр аз сатҳи баҳр дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ҷой гирифта, аз навъҳои гуногуни моҳӣ бой аст. Ба сабаби дар байни роҳи кӯчи паррандагон қарор гирифтани кӯл паррандаҳои зиёди нодир баҳору тобистон ин ҷоро ҷойи муваққатии зист қарор медиҳанд. Ҳудуди мамнӯъгоҳи Зоркӯл тақрибан 87 ҳазор гектарро ташкил дода, дар ин қаламрав бештар аз 125 навъи ҳайвонот ва паррандагони нодирро дучор омадан мумкин аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG