Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи қурбониёни таркишҳо дар Ироқ афзоиш ёфт


Теъдоди қурбониёни силсилаи таркишҳо дар Ироқ то 50 нафар расид. Дар ин таркишҳо асосан зоийрони шиамазҳаб ва кормандони полис кушта шуданд.

Дар Бағдод, дар макони гирдиҳамоии зоироне, ки мехостанд ба зиёратгоҳи имом Мӯсо Ал-Ходим, абераи паёмбари ислом Муҳаммади мустафо раванд, чаҳор таркиш рӯй дод. Дар шаҳри Ҳилла, воқеъ дар ҷануби Ироқ, ду мошини ҳомили маводи мунфаҷира дар канори тарабхонае инфиҷор шуд, ки он ҷо маъмулан кормандони полис таом мехӯрданд. Дар ин ҳодиса 22 нафар кушта ва 38 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Ҷаҳор тани дигар бар асари таркиши ду мошин дар шаҳри шианишини Балад ба ҳалокат расиданд. Масъулияти ҳамлаҳоро ҳанӯз гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG