Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Хадамоти марзбонии Қазоқистон истеъфо дод


Раиси Хадамоти марзбонии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон генерал-майор Нурҷон Мирзоалиев аз мақомаш истеъфо дод.

Додситони низомии Қазоқистон Ергалӣ Мирзодинов дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Остона ин истеъфоро бо ҳалокати марзбонҳо дар постгоҳи сарҳадии “Орканкерген”-и вилояти Алма-Ато марбут кард. Дар нишасти хабарӣ сабти видеои пурсуҷӯи гумонбар дар куштори марзбонҳо Владислав Челах низ намоиш дода шуд. Челах, ки дар ин постгоҳ хизмат мекард, даст ба куштори ҳамхизматҳо заданашро бо таҳқиру латукӯби пайваста аз сӯи онҳо марбут кард.

Ёдовар мешавем, ки ҷасади 14 марзбон ва як ҷангалбон дар постгоҳи “Орканкерген” охири моҳи май ошкор шуд. Баъд аз чанд муддат дар наздикиҳои постгоҳ Владислав Челахро дастгир карданд.

Дар сурати тайид шудани иттиҳом ба Челах ҳукми абад таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG