Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 44 нафар бар асари таркишҳо дар Ироқ


Бар асари силсилаи ҳамлаҳо дар Ироқ 44 тан аз зоийрону кормандони полис кушта ва даҳҳо нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар бора манбаъҳо дар идораи полиси маҳаллӣ ва табибон ба хабаргузориҳо иттилоъ доданд.

Дар Бағдод, дар ҷойи гирдиҳамоии зоироне, ки мехостанд ба зиёратгоҳи имом Мӯсо Ал-Ходим, абераи паёмбари ислом Муҳаммади мустафо раванд, чаҳор таркиш ба риштаи умри 18 нафар миқроз зад.

Дар шаҳри Ҳилла, воқеъ дар ҷануби Ироқ, ду мошини ҳомили маводи мунфаҷира дар канори тарабхонае инфиҷор шуд, ки он ҷо маъмулан кормандони полис таом мехӯрданд. Дар ин ҳодиса 22 нафар кушта ва 38 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Чаҳор тани дигар бар асари таркиши ду мошин дар шаҳри шианишини Балад ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG