Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Султонӣ ба 13 соли маҳбас маҳкум шуд


Абдулфаттоҳ Султонӣ ва Ширин Ибодӣ

Абдулфаттоҳ Султонӣ ва Ширин Ибодӣ

Додгоҳи инқилобии Теҳрон ҳукми вакили мудофеъ ва ҳомии ҳуқуқи башар Абдулфаттоҳ Султониро то 13 соли маҳбас коҳиш дод. Султонӣ, ки соли гузашта боздошт шуда буд, дар чанд ҷурм, аз ҷумла, дар таҳдид ба амнияти миллӣ айбдор мешавад.

Моҳи март додгоҳ ҳомии ҳуқуқи башарро ба 18 соли зиндон маҳкум карда буд ва аммо, тавре духтари Султонӣ ба хабаргузории Associated Press гуфтааст, баъди баррасии аризаи бознигарӣ додгоҳи инқилобӣ ҳукмро панҷ сол коҳиш дод.

Созмони байнулмилалии Amnesty International ё Афви Байнулмилал Султониро маҳбуси сиёсӣ хонд. Соли гузашта Абдулфаттоҳ Султонӣ ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Ширин Ибодӣ дар Эрон як гурӯҳи дифоъ аз ҳуқуқи башарро ташкил карданд.
XS
SM
MD
LG