Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар ҷараёни сафари имрӯзааш ба Теҳрон бархе масоили муҳими байнулмилалиро бо мақомоти Эрон баррасӣ хоҳад кард. Дар меҳвари ин дидору гуфтугӯҳо – омодагиҳо ба даври навбатии музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон хоҳад буд, ки қарор аст рӯзи 18 июн дар шаҳри Маскав ифтитоҳ шавад.

Аз ин пеш ҳайатҳои Эрон ва панҷ узви доимии Шӯрои амнияти СММ ба изофаи Олмон дар Бағдод барои пайдо намудани роҳҳои ҳалли қазияи барномаи ҳастаии Теҳрон талош карда буданд.

Ба иттилоъи Маскав, Сергей Лавров ва раҳбарони Эрон авзоъ дар Сурияро ҳам баррасӣ хоҳанд кард. Эрон аз ҳампаймонҳои аслии Сурия маҳсуб мешавад ва Русия дар маҳофили байнулмилалӣ ба ташдиди таҳримҳо болои Димишқ мухолифат мекунад.

Намояндаи вазорати умури хориҷии Русия қабл аз шурӯи сафари Сергей Лавров ба Теҳрон гуфт, ки "Маскав вакили мудофеъи бархе аз режимҳои Ховари Миёна нест ва аммо барои риоя шудани меъёрҳои ҳуқуқи байнулмилалӣ пойфишорӣ хоҳад кард".
XS
SM
MD
LG