Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Забони адабӣ дар интихобот ва маҷлисҳо ҳатмӣ шуд


Бинои порлумони Тоҷикистон, Душанбе.

Бинои порлумони Тоҷикистон, Душанбе.

Порлумони Тоҷикистон донистани забони давлатӣ, яъне тоҷикиро барои вакилони мардумӣ ҳатмӣ шумурдааст.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионии кишвар "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Тоҷикистон" донистани забони давлатӣ ба вакилонро ҳатмӣ эълон кардааст.

Додихудо Саймиддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон, ки тағйирро шарҳ медод, гуфт, ҳамакнун бар асоси он номзадҳо ба мақоми вакили Маҷлиси намояндагон, узви Маҷлиси Миллӣ ва шӯроҳои вилоятиву шаҳрӣ ва ҷамоатҳо бояд забони давлатиро ба таври ҳатмӣ бидонанд.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфт, "бояд ҳар фарде, ки дар порлумон меояд, на ба забони лаҳҷа, балки бо забони адабии меъёр суханронӣ кунад, дар вақти маъракаҳои интихоботӣ ҳам ҳамин меъёр талаб карда мешавад, дар вақти суханрониҳои порлумон низ. Яъне дар ҳамин давлати соҳибистиқлоли мо, ки як забони давлатӣ дорем, ҳамин забони давалатӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси Олӣ бояд хеле хуб риоя шавад." Донистани забони давлатӣ барои вакилони порлумон дар ҳоле ҳатмӣ мешавад, ки аз қабули нахустин қонуни забони тоҷикӣ дар даврони ошкорбаёнии горбачёвӣ беш аз 20 сол мегузарад.

Абдулфаттоҳ Воҳидов

Абдулфаттоҳ Воҳидов

Абдулфаттоҳ Воҳидов, журналисти тоҷик, бо ёде аз он рӯзҳо, ки тасвиби ин қонун дар порлумон, Шӯрои Олии вақт ба раёсати Қаҳҳор Маҳкамов -- аввалин президенти Тоҷикистон ҷараён гирифт, мегӯяд, он замон вакилону маснабдорон, ки забони ба истилоҳ модариашон русӣ буд, маҷбур шуданд, забони маҳалашонро ба майдон оварданд.

Бахусус ин журналисти тоҷик аз муколамаи Қаҳҳор Маҳкамов дар иҷлосияи порлумон қисса мекунад ва мегӯяд, баъдан ин гуфтугӯ вирди забони матбуот ва ҷомеа шуд: "Рафиқ Маҳкамов аз ҷумлаи ҳамон одамон буд ва вақте маҷбур шуд, бо забони тоҷикӣ гуфтугӯ кунад, калимаи "ким"-ро чанд бор дар ҷаласаи Маҷлиси Олӣ такрор кард ва инро тариқи телевизион намоиш доданд. Матбуот низ "ким тарафдор!" ё "ким бетараф!" навишт ва зикр карданд, ки ин як навъ ишорае бошад. Аммо ин ишора набуд, балки лаҳҷаи ҳамон одам буд, чун намедонист, ки дурусташ "кӣ" ҳаст, на "ким".



Албатта ин ду даҳсола пеш ва замоне буд, ки ҷомеаи тоҷик дар деги забони русӣ ба истилоҳ "меҷӯшид" ва гуфтугӯ барои мансабдорон ва дигар табақаҳо мушкил буд. Аммо бо гузашти 20 сол аз даврони истиқлол ҳанӯз ҳам дида мешавад, ки забони лаҳҷа ва маҳал, ҳамчунон дар меҳвари гуфугӯи кӯчаву бозор, мактабу донишгоҳ ва маҳфилу нишастҳои расмӣ аст.

Додихудо Саймиддинов

Додихудо Саймиддинов

Додихудо Саймиддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, ҳамчунин роиҷ будани забони лаҳҷа миёни хосу омро таъйид мекунад ва сабаби онро чунин шарҳ медиҳад: "Пас аз инқилоби Октябр, баъд аз солҳои 20-30-юм бо ҳар баҳонае сохтанд як забон. Дар ҳоле ки ин забон бар пояи лаҳҷа аст. Ҳеҷ гоҳ дар муқобили забони меъёри форсӣ, дарӣ ё тоҷикӣ, ин сабки лаҳҷаи маҳаллаҳо, Бухоро, Миёнкол ва ғайраро мо қарор дода наметавонем."

Аммо иддае аз соҳибназарон бар ин боваранд, ки умури мудирият низ дар сиёсати забон асар гузоштааст. Ҳадятуллои Сафар, ҷомеашиноси тоҷик дар ин бора мегӯяд, "яке аз ангезаҳое, ки забони лаҳҷа густариш пайдо кардааст, ин ангезаи мудирият аст. Чунки раҳбарони бисёр ниҳодҳои давлатӣ бо забони адабӣ гуфтугӯ карда наметавонанд ва дар гуфтугӯяшон бештар аз лаҳҷа истифода мекунанд ва мардум низ инро дида ба онҳо пайравӣ мекунанд. Ҳамон гуна, ки дар даврони Шуравӣ раҳбарон бо забони маҳалли худ гуфтугӯ мекарданд ва ин бевосита ба мардуми дигар таъсир мегузошт."

Бо ин ҳам бархе аз соҳибназарон мегӯяд, набояд аз вожаҳое, ки дар лаҳҷаҳои манотиқи мухталифи Тоҷикистон истифода мешавад, парҳез кард, балки беҳтарини онро бояд ҷамъоварӣ ва ба забони адабӣ ворид кард, то ҳам захираи луғавии забон ғанӣ шавад ва ҳам тамоми мардум онро истифода карда тавонад.

Аммо мақомоти Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мехоҳанд, бояд забони классикӣ, яъне меъёри забони классикии форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ вориди саҳна шавад, то аз гӯишҳои номуносиби лаҳҷавӣ ва маҳаллӣ ҷилавгирӣ ба амал ояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG