Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо ССКА “Помир”


Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бозии санҷиширо бо ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.

Ин бозӣ дар доираи омодагиҳои футболбозони ҷавони тоҷик ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё (U-22) рӯзи 12-уми июн дар шаҳри Душанбе, дар варзишгоҳи ССКА (Бошгоҳи марказии варзишии артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон) баргузор шуд.

Виктор Станенко, легионери укроинии ССКА “Помир”, дар дақиқаи 51-ум аз ҷаримаи 11-метра ҳисобро боз кард. Голи ҷавобии мунтахаби ҷавононро Фирдавсӣ Қурбонов, бозигари “Истиқлол”-и Душанбе, дар дақиқаи 77-ум ба ҳадаф расонд.

Ҳайати ССКА «Помир» (Душанбе): Анатолий Старушенко, Субҳон Хоҷамов, Виталий Артёмов, Руслан Тиллоев, Раҳматулло Фузайлов, Денис Синчук, Виктор Станенко, Беҳзод Шарифов, Чарлз Накути, Алиёр Ашӯрмамадов, Чарлз Наполеон.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон: Фаррух Бердиев (Мӯъмин Гадойбоев, 46, Саидҷон Саидраҳмонов, 65), Сиёвуш Асроров (Наим Улмасов, 46), Алишер Шарифов (Дилшод Сафармамадов, 46), Фуррӯғ Қодиров (Азимҷони Юнусзода, 46), Аҳтам Назаров (Манучеҳр Аҳмадов, 46), Нодир Маъмиров (Ҷамолиддин Зардиев, 46), Бахтиёр Қаландаров (Ҷаҳонгир Эргашев, 46), Қурбоналӣ Собиров (Умедҷон Шарифов, 46), Нуриддин Давронов (Шамсиддин Қосимов, 46), Расул Файзов (Абдурасул Раҳмонов, 46), Шодибек Ғаффоров (Фирдавсӣ Қурбонов, 46).

Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).

Ёдовар мешавем, ду бозии пешини санҷишии мунтахаби ҷавонони кишвар бо дастаи мунтахаби вилояти Хатлон дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа ва бо “Истиқлол”-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо ҳамин ҳисоб - 1:1 анҷом ёфта буд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таҳти раҳбарии Камол Алиспоҳич, мутахассиси босниягӣ, бозии минбаъдаи санҷиширо пеш аз сафари Малайзия рӯзи 15-уми июн бо дастаи “Равшан”-и Кӯлоб анҷом медиҳад. Ин бозӣ дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ соати 17:30 шурӯъ хоҳад шуд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар рӯзи шанбе, 16-уми июн тавассути ҳавопаймо ба воситаи Дубай озими Малайзия хоҳад шуд.

Бояд гуфт, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Баҳрайн (23-юми июн), Ҷазоири Молдив (25-уми июн), Кувайт (28-уми июн), Эрон (1-уми июл) ва Қатар (3-юми июл) рақобат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG