Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Путин нома фиристод


Дар акс: Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, бо ҳамтои русаш Владимир Путин.
Дар акс: Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, бо ҳамтои русаш Владимир Путин.

Э. Раҳмон дар номаи худ ба В. Путин гуфтааст, "Тоҷикистон имкониятҳоро барои татбиқи қарордодҳо истифода хоҳад кард".

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба Владимир Путин -- раисиҷумҳури Русия ба муносибати таҷлили солгарди қабули Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатии ин кишвар барқияи табрикӣ фиристодааст.

Дар ин нома, ки онро торнамои "Ховар" ба нашр расонд, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳамтои худ табрикоташро "сидқию самимӣ" унвон карда, ба "сатҳи ба дастомадаи муносибот ва ҳамкориҳои стратегии байни ҳарду кишвар" баҳои баланд додааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар номаи худ гуфтааст, "изҳори умед мекунам, талошҳои муштараки мо ба ҳамкориҳои судманди миёни ҳарду кишвар нерӯи тоза мебахшад." Ӯ бо таъкид ба Владимир Путин гуфтааст, "Шуморо бовар мекунонам, ки ҷониби Тоҷикистон ҳамаи имкониятҳоро барои дар амал татбиқ намудани қарордодҳо дар бораи вусъат ва тақвияти минбаъдаи муносиботи дуҷониба истифода мекунад."

Дар барқияи табрикотии худ раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Владимир Путин ҳамчунин афзуда, ки "талошҳои Шумо" ба шукуфоии Русия ва "таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ равона гардидаанд" ва дар охир тандурустии комили ӯро таманно кардааст.

Ин ҳарфҳо дар ҳоле гуфта шудаанд, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо Владимир Путин дар Маскав гуфт, дар ивази эҳтироме, ки Душанбе ба манофеи Маскав қоил аст, Русия низ ҳамин гуна ба манфиатҳои Тоҷикистон арҷ гузорад.

Аз ин пештар президент Раҳмон пешниҳод карда буд, то муносибатҳои миёни Русияву Тоҷикистон ба таври воқеъбинона баррасӣ шаванд. Ба қавли ӯ, Тоҷикистон ягона кишвар дар ҷаҳон аст, ки Русия дар қаламраваш беш аз ҳама иншооти муҳими стратегӣ дорад, аз қабили бузургтарин пойгоҳи низомии русии 201-ум, маркази назорати кайҳонии "Окно" дар Норак, гурӯҳи вижаи марзбонӣ, се донишгоҳ ва ғайраву ҳоказо. Аммо бархилофи ин воқеият, афзуд вай, расонаҳои ҳамагонии Русия муносибатҳои миёни Тоҷикистон ва Русияро таҳриф мекунанд.
XS
SM
MD
LG