Пайвандҳои дастрасӣ

Салиби Сурх мегӯяд, вазъи Сурия бадтар мешавад


Созмони Байналмилалии Салиби Сурх мегӯяд, бо авҷ гирифтани ҷангҳо дар Сурия авзоъ дар чанд гӯшаи ин кишвар босуръат бад мешавад. Сухангӯи Салиби Сурх гуфт, ҳамин ҳафта садҳо нафар аз шаҳри Ҳомс, як такягоҳи шӯришиён гурехтаанд, ки нерӯҳои ҳукуматӣ пайваста онро ҳадаф мегиранд. Рӯзи пеш Созмони Милал гуфт, як издиҳоми хашмгин дар шаҳри Ал-Ҳаффаи Сурия ба гурӯҳи нозирони созмон, ки мехостанд, вориди шаҳр шаванд ҳамла карданд ва дертар ба самти мошинҳои ҳамин нозирон тир андохтаанд, вале касе аз онҳо осеб надидааст. Ҳерв Ладсос, раҳбари нозирони Созмони Милал гуфт, бо шиддат гирифтани ҷанг миёни нерӯҳои давлатӣ ва шӯришиён, Сурия акнун ба ҷанги васеъмиқёси шаҳрвандӣ кашида шудааст.
XS
SM
MD
LG