Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти густурдаи мухолифини Русия


Рӯзи сешанбе даҳҳо ҳазор нафар аз мухолифони ҳукумати Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар Маскав тазоҳурот карданд. Пулиси Русия мегӯяд, дар раҳпаймоиҳо 8 ҳазор нафар ҳузур доштанд, аммо ба гуфтаи мухолифин, теъдоди тазоҳургарон аз 30 то ба 100 ҳазор нафар мерасид. Аз ҷумла Владимир Лукин, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия дар бораи 100 ҳазор нафар сухан гуфтааст. Мухолифон дар ин раҳпаймоӣ бо қабули як қатъномае хостори истеъфои раиси ҷумҳур Владимир Путин, пароканда кардани порлумон ва даъвати интихоботҳои нав шуданд. Владимир Путин, даври саввуми раёсати ҷумҳуриашро чанде пеш расман шурӯъ кард.
XS
SM
MD
LG