Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон: "Ба Эрон "роҳи рӯшане" пешниҳод мешавад"


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, мегӯяд, агар Эрон алоқаманди ҳалли бӯҳрони барномаҳои атомиаш бошад, қудратҳои ҷаҳонӣ як "роҳи рӯшан" ва "дипломатии" бурунрафт аз ин бӯҳронро пешниҳод хоҳанд кард. Қарор аст, даври нави музокироти ҳастаии Эрон бо Фаронсаву Олмон, Амрикову Чин ва Бритониёву Русия рӯзҳои 18 ва 19 июн дар Маскав баргузор шавад. Ҳилларӣ Клинтон зимни суханронӣ дар як муассисаи пажӯҳишии Амрико ҳамчунин гуфт, Эрон таҳти фишори фавқуллода сахти Русия ва Чин қарор гирифтааст, то бо омодагӣ ба ин нишаст ҳозир шавад. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон қасд дорад, пинҳонӣ бомби атомӣ бисозад, аммо Теҳрон мегӯяд, барномаҳои атомиаш танҳо ҳадафҳои сулҳомез доранд.
XS
SM
MD
LG