Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай гуфт, ҳамлаҳои ҳавоӣ ба хонаҳо бас аст


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, мегӯяд, аз ин баъд нерӯҳои хориҷӣ иҷоза надоранд, таҳти ҳеҷ шароите ба хонаҳои афғонҳо ҳамлаи ҳавоӣ кунанд, ҳатто барои дифоъ аз нерӯҳои афғон ва ё хориҷӣ ҳам бошад. Ҳомиди Карзай дирӯз гуфт, сари ин масъала бо фармондеҳи нерӯҳои НАТО ва Амрико дар Афғонистон генерал Ҷон Аллен ба мувофиқа расидааст. Ҳафтаи гузашта дар як ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои хориҷӣ дар вилояти Лугар 18 ғайринизомӣ кушта шуданд. Аммо Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон ба раҳбарии НАТО гуфтаанд, агарчӣ ҳамлаҳои ҳавоӣ ба хонаҳоро маҳдуд мекунанд, вале ҳақ доранд, ба хотири дифоъи нерӯҳои эътилофӣ ҷангҷӯёнро дар назди маҳалҳои аҳолинишин ҳадаф бигиранд.
XS
SM
MD
LG