Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон ду саёҳи хориҷиро ғорат карданд


Мақомоти расмӣ мегӯянд, рӯзи сешанбе дар Тоҷикистон як саёҳи хориҷиро бо ҳамсараш ғорат кардаанд. Ба иттилоъи вазорати умури дохилӣ, ғоратгарон дар роҳи Душанбе-Хуҷанд дар мавзеъи Ҳушёрӣ ба Ш. Мартин шаҳрванди Ҳолланд ва ҳамсараш дарафтода 800 доллар, дастгоҳи аксбардориву телефон ва компютери онҳоро рабудаанд. Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон фармон додааст, то ҷинояткоронро дар зудтарин фурсат пайдо кунанд. Вазорат мегӯяд, ҳар касе, ки пайдову дастгир кардани ғоратгарон мусоидат мекунад, вазорат ба онҳо подош хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG