Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати раиси САҲА ба хештандории Еревану Боку


Раҳбари САҲА дар пасманзари афзоиши хушунату танишҳо бар сари вилояти умдатан арманишини Қарбоғ аз Арманистону Озарбойҷон даъват кард, то аз иқдомоти интиқомҷӯёна худдорӣ кунанд. Эймон Гилмор, вазири хориҷаи Ирландия, ки раёсати давраии САҲА-ро ба дӯш дорад, зимни боздид аз Ереван даргириҳои ахир байни ду ҷонибро маҳкум кард ва гуфт, ин низоъро наметавон бо истифода аз нирӯ ҳалл кард. Дар хушунатҳои охир дар марзи Арманистону Озарбойҷон ва дар марзи Қаробоғ дастикам 9 сарбоз аз ду тараф кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG