Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати то 50 ҷангии толиб дар Афғонистон


Пулиси Афғонистон мегӯяд, дар амалиётҳои “поккорӣ”-и субҳи душанбе 50 ҷангии толиб кушта шуданд. 30 ҷангӣ, ба гуфтаи мақомот, дар вилоёти Бағлону Лугар, Ғазнӣ ва Қандаҳору Зобул ба ҳалокат расида, аз кушта шудани 20 ҷангии дигари толиб дар як набарди ҳаштсоата раҳбари улусволии Сангини вилояти Ҳилманд Муҳаммадшариф хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ин задухӯрд ду пулиси маҳаллӣ низ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG