Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷустуҷӯи як ронандаи ғайбзада дар Қазоқистон


Мақомоти изтирории вилояти Алма-Ато мегӯянд, ронандаи дахил дар садамаи нақлиётие, ки мунҷар ба ҳалокати муовини фармондеҳи нирӯҳои хушкигарди артиши Қазоқистон шуд, беномунишон боқӣ мемонад. Мошини ҳомили сарҳанг Даврон Кенҷабоев дар поёни ҳафта дар як шоҳроҳ дар ноҳияи Ушарал аз масир хориҷ гардида, ба як ҷӯи канори роҳ сарозер шуд. Сарҳанги дигари қазоқ Радий Шоқшабоев аз ин садама зинда ба дар омада, феълан дар бемористон аст. Муфаттишон ронандаи ғайбзадаи онҳо Алман Назанро ҷустҷуӯ мекунанд.
XS
SM
MD
LG