Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бино ба хабари Созмони Ҷаҳонии Кор, 50 дарсади кӯдакони коргар дар Тоҷикистон фарзанди муҳоҷирони кориянд.

Парвиз Сафаров, сокини 13-солаи Душанбе, панҷ сол боз дар хиёбонҳои пойтахт ба мошин (худрав)-шӯӣ машғул аст. Дар ҳоле ки падару модараш пиранду ҷои кор надоранд, танҳо ӯст, ки бо шонаҳои кӯчакаша чархи зиндагиро ба гардиш медароварад.

Ин навраси тоҷик аз ҳаштсолагӣ, замоне ки нерӯи мошин шустан пайдо кард, ба даст сатилу латта гирифт ва ба кӯча баромад. Ҳарчанд ӯ мактабхон аст, аммо бисёр маврид барои пул пайдо кардан ба дарс намеравад: "Падару модарам пир шудааст, маҷбурам, ки кор кунам. Бо пуле, ки ба даст меорам, картошка, пиёз, равған ва дигар маводи заруриро мехарам ва зиндагии оилаамонр пеш мебарам. Дар як рӯз аз 20 то 40 сомонӣ маблағ ба даст меорам".

Парвиз мегӯяд, ҳеҷ гоҳ пули ба даст овардаашро бе иҷозаи волидон харҷ намекунад ва мисли дигар наврасон дар замони таътил ба истироҳатгоҳҳо низ намеравад. Ӯ танҳо ноболиғе нест, ки бо заҳмати кӯдаконаи худ зиндагии худу хонаводаро пеш мебарад. Ҳарчанд иттилои дақиқ дар мавриди шумораи кӯдаконе, ки ба кор дар Тоҷикистон ҷалб шудаанд, вуҷуд надорад, аммо Созмони Ҷаҳонии Кор ин теъдод атфолро ҳудуди 170 ҳазор мегӯяд.

Муҳайё Хосабекова

Муҳайё Хосабекова

Ба гуфтаи Созмони Ҷаҳонии Кор ин теъдод ноболиғон дар бозорҳо аробакашиву мошиншуӣ, боркашиву селофанфурушӣ мекунанд. Бино ба иттилои ин созмон, 85 дарсади кӯдаконе, ки кор мекунанд, ба меҳнати иҷборӣ дар бахши кишварзӣ ҷалб шудаанд, 3,4 дарсади онҳо дар сохтмон, 3,7 дарсад дар тиҷорат ва 7,4 дарсад ҳам дар саноат кор мекунанд.

Муҳайё Хосабекова, ҳамоҳангсози СҶК дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳудуди 160 ҳазор ноболиғе, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд, сокинони деҳотанд ва гурӯҳи осебпазиртарини ҷомеаи кишвар маҳсуб мешаванд: "Дар Тоҷикистон шумораи кӯдаконе, ки ба кор ҷалб шудаанд, ҳар сол меафзояд. Ба ин чанд далел мусоидат кардааст. Бештари вақт мо қашшоқиро сабаби аслии кори кӯдакон мегӯем, аммо сатҳи қашшоқӣ дар Тоҷикистон сол то сол поин мешавад. Ҳоло 40 дарсади мардум поин аз хатти фақр зиндагӣ доранд. Ба ҳамин далел, фикр мекунам, на ҳамеша қашшоқӣ сабаби кори кӯдакон аст."

Ба қавли Хосабекова, муҳоҷирати корӣ аз омилҳои дигар ва аслии афзоиши сафи кӯдакони коргар дар Тоҷикистон будааст.



Ба иттилои Созмони Ҷаҳонии Кор дар Тоҷикистон 50 дарсади кӯдаконе, ки ба кор дар кӯчаву хиёбон ва саҳро ҷалб шудаанд, фарзандони муҳоҷирони кориянд. Маъмулан инчунин кӯдакон ҳадафи зӯроварӣ, бо шумори зӯроварии ҷинсӣ қарор мегиранд. Ба гуфтаи Созмони Ҷаҳонии Кор гурӯҳи ноболиғон бештар ҷиноят содир мекунанд, аз ҷумла ҷинояти тиҷорати маводи мухаддир ва дар мавриди сироятшавӣ ба вируси масунияти бадан ё СПИД гурӯҳи осебпазир ҳастанд.

Умед Асоев, таҳлилгари масоили иҷтимоӣ, мегӯяд, иллатҳои ба кор ҷалб шудани кӯдакон дар Тоҷикистон ба нооромиҳои солҳои навадуми қарни гузашта пайванд мегирад: "Албатта, решакан кардани кори кӯдакон хеле мушкил аст. Вале бар изофа, мутаассифона, мо як чизи асосӣ дар роҳи мубориза бо кори кӯдак -омори шумораи кӯдакони корагрро надорем. Созмони ҷаҳонии кор дар ҳамкорӣ бо Оҷонсии омори кишвар тасмим дорад, дар ин маврид як таҳқиқот анҷом диҳад ва натиҷаи он дар як соли баъд мушаххас хоҳад шуд."

Дар ҳамин ҳол, созмонҳои марбут ба ҳуқуқи кӯдак мегӯянд, 70 дарсади кӯдаконе, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд, писарон ва 30 дарсади боқимонда духтаронанд. Ҳар сол ҳудуди 10 ҳазор ноболиғ дар хориҷ аз Тоҷикистон муҳоҷир мешаванд, ки аксари онҳо фарзандони худи муҳоҷиронанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG