Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти фаъолон дар пойтахти Озарбойҷон


Пулиси Озарбойҷон имрӯз эътирози бидуни иҷозати мухолифин дар пойтахт –Бокуро пароканда сохта, як раҳбари РЕАЛ , ё эътилофи алтернативии ҷумҳурихоҳ ва чанд фаъоли дигари мухолифинро боздошт кардааст. Элгар Мамадов ва фаъолони дигар ҳангоми ҳаракат ба сӯи бинои парлумон дастгир шуданд. Ин гурӯҳ мехост алайҳи тағйирот ба қонуне, ки дастрасии мардум ба маълумот дар бораи барномаҳои моливу иқтисодии давлатро маҳдуд мекард, эътироз кунад. Ба бовари мухолифин, ин тағйирот боиси ношаффофияти бештари фаъолиятҳои иқтисодиву молии давлати Озарбойҷон мешавад.
XS
SM
MD
LG