Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шимоли Афғонистон ҷустуҷӯи 80 нафаре, ки гумон меравад, баъди ду заминларза зери ярч монда бошанд, идома дорад. Волии Бағлон Абдулмаҷид гуфт, ярч 22 манзилро зери хок кардааст. То зӯҳри имрӯз аҷсоди ду занро берун кашида, ҳудуди 20 захмиро ба бемористон бурдаанд. Маркази зилзилаҳои дирӯза, ки шиддаташ беш аз 5 балл баровард мешавад, дар 170-километрии ҷануби Кобул будааст. 10 сол пеш як заминларза дар ин минтақа беш аз 2000 қурбонӣ оварда буд.
XS
SM
MD
LG