Пайвандҳои дастрасӣ

Дастрасӣ ба сомонаи "Азия Плюс" масдуд шудааст


«Азия Плюс» хабар дод, ки чанд ширкати дастраскунандаи Интернет дастрасӣ ба www.news.tj - сомонаи ин хабаргузориро масдуд кардаанд. Ин иқдом бар асоси номаи Хадамоти алоқа сурат гирифт, ки масдуд кардани ин сомонаро «ба далоили фаннӣ ва корҳои профилактикӣ» хоҳиш кардааст.
Аммо «Азия Плюс» мегӯяд, ки Хадамоти алоқа нашрияро аз ин тасмимаш расман огоҳ накарда буд. Хадамоти алоқа дар пайи нашри протоколи пурмоҷарои 32-20 дастрасӣ ба 5 сомонаи дигар дар Тоҷикистонро низ ба «далоили фаннӣ ва зарурати анҷоми корҳои профилактикӣ» масдуд карда буд.
XS
SM
MD
LG