Пайвандҳои дастрасӣ

"Азия-Плюс" бо Хадомати алоқа ба созиш расидааст


Зебо Тоҷибоева, мудири иҷроияи хабаргузории "Азия-Плюс".

Зебо Тоҷибоева, мудири иҷроияи хабаргузории "Азия-Плюс".

Оҷонси иттилоотии "Азия-Плюс" мегӯяд, маҳдудияти дастрасӣ ба сайти ин хабаргузорӣ ба зудӣ рафъ хоҳад шуд.

Дар пайи як сӯҳбати рӯбарӯ раҳбари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва масъулони торнамои "Азия-Плюс" роҳи ҳалли ихтилофро, ки боиси маҳдуд шудани дастрасӣ ба ин торнамо шудааст, пайдо намуданд.

Тафсилоти ин ихтилоф ошкор нашудааст, вале ба назар мерасад, ҳар ду ҷониб аз натиҷаи музокирот қаноатманд мебошанд. Рӯзи сешанбе, 12-уми июн, хабаргузории "Азия-Плюс" иттилоъ дод, ки ширкатҳои дастраскунандаи Интернет муштариёнро аз истифодаи сомонаи news.tj - торнамои ин хабаргузорӣ маҳрум кардаанд.

Ба навиштаи "Азия-Плюс" ин иқдом бар асоси номаи Хадамоти алоқа сурат гирифт, ки манъи вуруд ба ин сайтро "бо далоили фаннӣ ва корҳои профилактикӣ" дархост кардааст. "Азия-Плюс" ба хонандагонаш машварат дода буд, то замони ҳалли ин мушкил ахборро дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Facebook ҷой медиҳад.

Баъд аз музокироти масъулони "Азия-Плюс" бо раиси Хадамоти алоқа, ки нисфирӯзии сешанбе дар пойтахти Тоҷикистон доир шуд, сӯҳбате доштем бо Зебо Тоҷибоева, мудири иҷроияи хабаргузории "Азия-Плюс" ва ва пурсидем, оё маҳдуд намудани вуруд ба сайти "Азия-Плюс" сабабе дошт?

Зебо Тоҷибоева: “Сабаб дошт. Вале дар ҳоли ҳозир ман фақат дар бораи мушкилиҳои фаннӣ ҳарф зада метавонам...”

Радиои Озодӣ: Яъне мушкил рӯи кадом мақола ва ё хабаре набудааст?

Зебо Тоҷибоева: “Не, ин мушкил бо кадом матлабе иртибот надорад. Мо ба созиш расидем, ки дастрасӣ ба торнамои мо таъмин шавад ва дар навбати худ мо ҳам дар назди Хадамоти алоқа ӯҳдадориҳое гирифтаем, ки усулан озодии баёнро маҳдуд намекунанд.”

Баъд аз ин сӯҳбат "Азия-Плюс" хабаре нашр намуд, ки бар пояи он Бек Зуҳуров гуфтааст, нашри баъзе шарҳҳои хонандагон дар поварақи мақолаҳои торнамо тӯҳмат бар зидди баъзе мансабдорони баландпояи ҷумҳурӣ буда, хабаргузорӣ мебоист бо назардошти қонунгузории кишвар аз пахши он худдорӣ мекард.

Вале ҷониби дигари ин баҳс - Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон чӣ мегӯяд? Бек Зуҳуров, раиси ин хадамот гуфт, "ходимон машғуланд, бояд ҳал шавад. Ин мушкил техникӣ мебошад.”

Радиои Озодӣ: То ҳамин лаҳза ин мушкили техникӣ ҳал нашудааст?

Бек Зуҳуров

Бек Зуҳуров

Бек Зуҳуров: “Як сабабаш техникӣ аст, вале дигараш ин аст, ки Интернетро ба бизнес табдил надиҳанд. Ягон сайт Интернетро ба бизнес табдил надиҳад.”

Радиои Озодӣ: Бубахшед, ба ин шакл масъала норӯшан боқӣ мемонад. Вақте Шумо мегӯед, Интернетро ба бизнес табдил надиҳанд, Шумо чиро дар назар доред? Оё онҳо реклама ҷой доданду андоз насупурданд?

Бек Зуҳуров: “Шумо ҳарфи маро дуруст фаҳмидед, тамом”.

Ба ин тартиб, ҳар ду ҷониб бо умеди рафъи ихтилоф аз тафсилот худдорӣ мекунанд. Ба қавли манбаъҳои огоҳ аз қазия Хадамоти алоқа "Азия-Плюс"ро бо ташкили матлабҳои фармоишӣ муттаҳам мекунад. Хабаргузорӣ ин айбномаро қабул надорад, вале ба хотири созиш бо ниҳоди давлатӣ ба гузашт омода аст.

Ибтидои соли ҷорӣ дар пайи нашри як идда мақолаҳои танқидӣ дар бораи Тоҷикистон дар торнамоҳои Русия мақомоти ҷумҳурӣ дасрасӣ ба баъзе аз сайтҳо ва шабакаҳои иҷтимоии интернетиро маҳдуд карда буданд. Вале баъд аз эътирозҳои дохиливу байналмилалӣ маҳдудият аз байн бурда шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG