Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомот: "Муҳаммадия" масҷиди панҷвақта мемонад"


Масҷиди Халифа Абдукарим, маъруф ба номи "Муҳаммадия" дар рустои Туркободи ноҳияи Ваҳдат.

Масҷиди Халифа Абдукарим, маъруф ба номи "Муҳаммадия" дар рустои Туркободи ноҳияи Ваҳдат.

Масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон иҷоза додаанд, ки масҷиди "Муҳаммадия" ба унвони масҷиди панҷвақта боқӣ бимонад.

Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти масҷиди ба номи Халифа Абдукарими шаҳри Ваҳдатро ҳамчун масҷиди панҷвақта иҷозат додааст.

Хабаргузории расмии "Ховар" аз қавли мудири бахши корҳои дини назди ҳукумати шаҳри Ваҳдат, Тоҷиддин Лолаев, овардааст, ҳайати муассисон Вайсиддин Қурбоновро имоми масҷиди мазкур ва Маҳмуд Қаҳҳоров (Эшони Маҳмудҷон)-ро ноиби ӯ интихоб кардаанд.

3-юми майи соли ҷорӣ бо қарори додгоҳи шаҳри Ваҳдат фаъолияти ин масҷид ҳамчун масҷиди ҷомеъ қатъ шуда буд. Ҳамчунин, қаблан муассисони масҷиди номбурда, ки дар миёни мардум ба номи "Муҳаммадия" маъруф аст, эълом дошта буданд, ки додгоҳи шаҳри Ваҳдат зимни як нома аз манъи масҷиди панҷвақта хабар додааст.

Он замон муассисон қарор доданд, ки аз қарори додгоҳи Ваҳдат ба Додгоҳи Олӣ шикоят мебаранд. Аммо тавре ба назар мерасад, ин қазия то Додгоҳи Олӣ нарасида, ҳалли худро ёфтааст.

Фаъолияти масҷиди "Муҳаммадия" дар пайи нашри баёнияи Шӯрои уламо ва ташриф овардани раиси ин Шӯро бо ҳамроҳии намояндагони Кумитаи дин ва масъулони ҳукумати ноҳияи Ваҳдат ба ин масҷид маҳдуд шуд. Шӯрои уламо рӯзи 6-уми декабри соли гузашта дар баёнияе, ки онро хабаргузории давлатии “Ховар” ба нашр расонд, аз баргузории маросими азодории “Ошӯро” дар масҷиди “Муҳаммадия” ва нақши Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдом шадидан интиқод кард ва ин хонадонро ба "тағйири мазҳаб" муттаҳам намуд.

Мақомот гуфта буданд, ки танҳо дар сурати рафъи камбудиҳо, барои фаъолияти ин масҷид иҷозат дода мешавад. Дар ин миён Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ваҳдат бо қабули як муроҷиатнома ба ҳукумати Тоҷикистон гуфта буд, ба эҳёи намози ҷумъа дар масҷиди "Муҳаммадия" зарурате боқӣ намондааст.

Аъзои ин маҷлис гуфтаанд, дар ин ноҳия чанд масҷиди дигари ҷомеъ фаъол шудааст ва намозгузорон метавонанд дар он масоҷид ба ибодат машғул шаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG