Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми даври аввали мусобиқаи гурӯҳии EURO-2012


Бозиҳои даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Аврупо-2012 дар ҳамаи чаҳор гурӯҳ ба анҷом расиданд.

Бозиҳои гурӯҳҳои А ва С дар Лаҳистон ва гурӯҳҳои В ва D дар Украина ҷараён доранд. Дар даври аввали сабқати гурӯҳӣ дар ҳашт бозӣ ҳамагӣ 20 гол зада шуд.

Ду бозӣ бо ҳисоби калони 4:1 ва 3:1, як бозӣ бо ҳисоби 2:1, ду бозӣ бо ҳисоби якхелаи 1:0 ва се бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфтанд.

Дастаҳои мунтахаби Русия, Хорватия, Украина, Олмон ва Дания, ки дар даври аввал пирӯз шуданд, барои ба даври чаҳорякниоҳӣ роҳ ёфтан, заминаи хуб гузоштанд. Вале ғайричашмдошти коршиносон яке аз муддаиёни аслии роҳхатҳо ба даври баъдӣ – дастаи Ҳолланд дар нахустин бозиаш аз тими Дания шикаст хӯрд.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин се нафар – Алан Дзагоев (Русия), Марио Манҷукич (Хорватия) ва Андрей Шевченко (Украина) бо дуголӣ пешсафанд.

Натоиҷи бозиҳои даври аввал:

Гурӯҳи А
Лаҳистон - Юнон – 1:1
Голҳо: 1:0 Левандовски (17, Лаҳистон), 1:1 Салпингидис(51, Юнон)

Аз майдон хориҷ шуданд: Папастатопулос (44, Юнон), Шчесни (68, Лаҳистон)

Русия – Ҷумҳурии Чех – 4:1
Голҳо: Дзагоев (15, 79), Широков (24), Павлюченко (82, ҳама - Русия) - Пиларж (52, Ҷумҳурии Чех)
Русия – 3 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 4-1). Лаҳистон – 1 (1–1). Юнон – 1 (1-1). Ҷумҳурии Чех – 0 (1-4).

Гурӯҳи В
Ҳолланд – Дания – 0:1
Гол: Крон-Дели Микаэл (24)

Олмон – Португалия – 1:0
Гол: Марио Гомес (72)
Дания – 3 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 1-0). Олмон – 3 (1–0). Португалия – 0 (0-1). Ҳолланд – 0 (0-1).

Гурӯҳи С
"Испания" - "Италия"—1:1
Голҳо: Ди Натале (60, Италия), Фабрегас (64, Испания)

Ирландия - Хорватия – 1:3
Голҳо: Манҷукич (3, 48), Елавич (43, ҳарду – Хорватия), Сент-Леджер (19, Ирландия)

Хорватия– 3 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 3-1). Испания – 1 (1–1). Италия – 1 (1-1). Ирландия – 0 (1-3).

Гурӯҳи D
Фаронса – Инглистон – 1:1
Голҳо: Лескотт (30, Инглистон), Самир Насрӣ (39, Фаронса)

Украина – Шветсия – 2:1
Голҳо: Иброҳимович (52, Шветсия), Шевченко (55, 61, Украина)
Украина – 3 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 2-1). Инглистон – 1 (1–1). Фаронса – 1 (1-1). Шветсия – 0 (1-2).

ҶАДВАЛИ EURO-2012
САБҚАТИ ГУРӮҲӢ


Гурӯҳи A
08 июн, 21:00 Лаҳистон — Юнон – 1:1
08 июн, 23:45 Русия — Ҷумҳурии Чех — 4:1
12 июн, 21:00 Юнон — Ҷумҳурии Чех
12 июн, 23:45 Лаҳистон —Русия
16 июн, 23:45 Юнон — Русия
16 июн, 23:45 Ҷумҳурии Чех — Лаҳистон

Гурӯҳи B
09 июн, 21:00 Ҳолланд — Дания — 0:1
09 июн, 23:45 Олмон — Португол - 1:0
13 июн, 21:00 Дания — Португол
13 июн, 23:45 Ҳолланд — Олмон
17 июн, 23:45 Португол— Ҳолланд
17 июн, 23:45 Дания — Олмон

Гурӯҳи C
10 июн, 21:00 Испания — Италия — 1:1
10 июн, 23:45 Ирландия — Хорватия — 1:3
14 июн, 21:00 Италия — Хорватия
14 июн, 23:45 Испания — Ирландия
18 июн, 23:45 Хорватия — Испания
18 июн, 23:45 Италия — Ирландия

Гурӯҳи D
11 июн, 21:00 Фаронса — Инглистон – 1:1
11 июн, 23:45 Украина — Шветсия – 2:1
15 июн, 21:00 Шветсия — Инглистон
15 июн, 23:45 Украина — Фаронса
19 июн, 23:45 Шветсия — Фаронса
19 июн, 23:45 Инглистон — Украина

ЧАҲОРЯКФИНАЛ

21 июн, 23:45 №1: ҷойи 1-ум дар гурӯҳи A — ҷойи 2-юм дар гурӯҳи B
22 июн, 23:45 №2: ҷойи 1-ум дар гурӯҳи B — ҷойи 2-юм дар гурӯҳи A
23 июн, 23:45 №3: ҷойи 1-ум дар гурӯҳи C — ҷойи 2-юм дар гурӯҳи D
24 июн, 23:45 №4: ҷойи 1-ум дар гурӯҳи D — ҷойи 2-юм дар гурӯҳи C

НИМФИНАЛ

27 июн, 23:45 Ғолиби 1/4 (№1) — Ғолиби 1/4 (№3)
28 июн, 23:45 Ғолиби 1/4 (№2) — Ғолиби 1/4 (№4)

ФИНАЛ

1 июл, 23:45 Ғолиби нимфинали №1 — Ғолиби нимфинали №2

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе аст.
XS
SM
MD
LG