Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аксар маводи марбут ба “душманони халқ” дар бойгониҳои Маскаву Санкт-Петербург ва Тошканд маҳфузанд.

Баъд аз таъқиботи режими Иосиф Сталин дар солҳои 1937-38-ум теъдоди зиёди рӯшанфикрону шахсиятҳои сиёсӣ қурбон шуда, бозмондагони онҳо ба сарнавишти табоҳу зиндагии навмедона дучор шуданд. Ҳатто баъзеҳо барои канор мондан аз таъқиби низом номи хонаводаӣ ё фамилияи худро ҳам тағйир додаанд.

Қурбони Аламшоҳ, рӯзноманигор ва муҳаққиқи тоҷик, мегӯяд, "фамилия"-и яке аз фарзандони Шириншоҳ Шоҳтемурро боҷа (шавҳари хоҳари зан)-аш ба номи худ гузарондааст, то ӯ битавонад, дар оянда дар мактабу донишгоҳ таҳсил кунад. Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, “ду писари Шоҳтемур дар Маскав монда буданд. Барои он ки онҳоро душман нагӯянд, боҷаи Шоҳтемур дар Маскав маҷбур шуд, фамилияи яке аз онҳоро ба номи худаш гузаронад.”

Рашид Ғанӣ Абдулло

Рашид Ғанӣ Абдулло

Рашид Ғанӣ Абдулло -- писари нависанда Ғанӣ Абдулло низ маҳрумиятҳои “душмани халқ”-ро дидааст ва мегӯяд, ҳангоми таҳсил дар бахши шарқшиносии донишгоҳ чанд дафъа барои кор дар хориҷа бо ҳамдарсонаш ҳуҷҷат пур кардаанд. Вале ӯро бо вуҷуди таҳсили хуб аз сафар бозмедоштанд: “Муносибати пурҳазар нисбат ба “душманони халқ” боқӣ монда буд. Дар факултаи шарқшиносӣ мехондам. Дар охири солҳои 1960-ум донишҷӯёнро ба кишварҳои арабӣ мефиристоданд. Чандин бор ҳуҷҷат пур кардам. Хуб мехондам, вале ҳама мерафтанд ва ман ҳеҷ намегузаштам.”

Ғанӣ Абдулло -- падари Рашид чун шахсияти фарҳангӣ гаҳ-гоҳе ақидаҳои худро ошкор мегуфт ва чунин озодандешӣ, ки дар осораш ҳам ба наҳве мунъакис мешуд, вайро ба “ғазаб”-и низоми давр гирифтор кард ва даҳ сол ба истилоҳ “бадарға” шуд. Рашид Ғанӣ мегӯяд, аз хонаводаи онҳо бобояш Абдулло Абдухолиқ ва бародари падараш низ ба ҳамин сарнавишт гирифтор шудаанд. Дар замони Шӯравӣ бо таъқибу куштори шахсиятҳо муҳити тарсу ваҳшатро дар ҷомеа ба вуҷуд оварда буданд ва аз ин роҳ мехостанд, султаи низоми ҳокимро устувор нигоҳ доранд.

Муҷассамаи Шириншоҳ Шотемур дар Хоруғ

Муҷассамаи Шириншоҳ Шотемур дар Хоруғ

Қурбони Аламшоҳ бо такя ба сарчашмаҳо лаҳзае аз таърихро ин гуна ба ёд меорад: “Ҳатто соли 1952 ба Бобоҷон Ғафуров супориш медиҳанд, ки 150 ҳазор нафарро дар Тоҷикистон бояд ба ҳабс гирад. Он вақт раиси Кумитаи амнияти Тоҷикистон (КГБ) як марди рус аз чунин супориши марказ хеле тарсида буд. Вай ҳамроҳ бо Ғафуров ба Маскав мераванд. Раиси КГБ-и Тоҷикистон аз даромадан ба назди Берия метарсад. Ғафуров назди Берия даромада мегӯяд, агар дар Тоҷикистон ин қадар одамонро ба ҳабс кашем, пас, кӣ пахта мечинад? Берия мегӯяд: “Намедонам, Шумо ба назди шеф равед”. Ғафуров назди Сталин меравад. Сталин мегӯяд, ки “агар ягон гап шавад, аввал туро мепарронам.”

Муҳаққиқони тоҷик дар бораи “душмани халқ” эълон шудани Шириншоҳ Шоҳтемур, Чинор Имомов, Нусратулло Махсумов Абдураҳим Ҳоҷибоев ва афроди дигар мегӯянд, чун ин раҳбарон дар давоми солҳои раҳбарии худ таҷруба андӯхтанд ва бо дарки вазъи воқеӣ то андозае метавонистанд, ақидаи худро дар бораи давлатдории миллӣ баён кунанд, ба “марказ” писанд наомаданд ва қурбони низом шуданд.

Вале онҳое ҳам, ки ҷони солим ба дар бурданд ва баъд аз сипарӣ кардани мӯҳлати зиндон ё “бадарға” ба Тоҷикистон баргаштанд, ҳақ надоштанд, дар шаҳрҳо зиндагӣ кунанд. Рашид Ғанӣ Абдулло мегӯяд, то соли 1954-ум падараш ҳақ надоштааст, ки дар Душанбе зиндагӣ кунад. Танҳо баъд аз даргузашти Сталин раҳбари баъдии Шӯравӣ Никита Хрушёв барои боло бурдани эътибори худ ва интиқод аз режими пешин, яъне режими Сталин, баъзе “душманони халқ”-ро бегуноҳ эълон карда ва ба онҳо зиндагии каме озодтар насиб шудааст.

Қурбони Аламшоҳ

Қурбони Аламшоҳ

Вале дар солҳои Шӯравӣ баъзе одамоне, ки дар ҳабси “душманони халқ” саҳим буданд, ҳанӯз дасти дароз доштанд ва барои дубора соҳиби кори хуб ё соҳиби эътибору мартаба шудани афвшудагон дар ҷомеа монеа пеш меовардаанд.
Дар солҳои Шӯравӣ коршиносони рус ин масъаларо дар Русия таҳқиқ карданд ва китобҳои зиёд ба нашр расондаанд. Дар ин таҳқиқот қаламкашон барои “сафед” шудани афроди зиёд кӯмак карданд. Вале дар Тоҷикистон танҳо дар солҳои “Перекстройка” чанд нафар аз рӯзноманигорон дар доираи имконоти молии худ ва алоқаю дилбастагии хусусӣ бо ин кор машғул шуданд.

Аксар маводи марбут ба таъқибшудагони сталинӣ ё “душманони халқ” дар бойгониҳои Маскаву Санкт-Петербург ва Тошканд маҳфуз аст. Барои дастрасӣ ба он, пеш аз ҳама, иҷоза ва сипас маблағе барои сафар ва таҳқиқот зарур аст. Қурбони Аламшоҳ - рӯзноманигори тоҷик, ки аз соли 1989-ум довталабона бо ин кор машғул аст ва маводи бойгониҳои Тоҷикистон, Тошканду Маскав ва Санкт Петербургро омӯхтааст, мегӯяд, чунин таҳқиқот дар шароити кунунӣ барои муҳаққиқони тоҷик хеле мушкил аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG