Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмон: "Бояд ҳеҷ кас бе касбу кор намонад"


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо сафари кории дурӯза ба минтақаи шимоли кишвар рафтааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода, мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари худ чанд корхонаи тозабунёдро ифтитоҳ хоҳад кард, ки "Силкоат бойя", "Стар пласт" ва "Равзана пласт" аз ҷумлаи онҳоянд.

Аммо раисиҷумҳур дар оғози сафари корияш нахуст аз мактаби президентӣ дар шаҳри Чкалов боздид кард, ки дар он ҷо хобгоҳи нав барои 400 муҳассили ин муассисаи таълимӣ боз шуд. Ӯ дар суханронии худ ба мавзӯи таълиму тарбияи насли наврас таъкид карда гуфтааст, бояд дар ояндаи наздик ягон фарди ҷомеа, махсусан ҷавонон бе касбу кор намонанд.

"Ба шумо – фарзандони азиз, ки соҳибони ояндаи халқу Ватани азизамон мебошед, муроҷиат карда, таъкид месозам, ки бояд ҳарчи бештар ба омӯзиши илмҳои замонавӣ, азхудкунии воситаҳои техникиву технологияҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ва муҳимтар аз ҳама, дар сатҳи баланд омӯхтан ва риояву ҳифз кардани тозагии забони зебо ва ширину шоиронаи тоҷикӣ ва забонҳои хориҷӣ машғул шавед ва итминон дошта бошед, ки манфиати заҳмати имрӯза ва фоидаи донишҳои омӯхтаатонро баъди чанд сол ҳатман мебинед",-афзудааст ӯ. Мактаби президентӣ дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд се соли пеш дар остонаи таҷлил аз Рӯзи ваҳдати миллӣ таъсис ёфтааст.

Ҳамчунин, ҷаноби Раҳмон ҷараёни тамринҳои низомии муштараки кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой (ШОС) - "Рисолати сулҳҷӯёна"-ро назорат хоҳад кард. Размоиши муштараки кишварҳои узви СҲШ (ШОС) дар Чоруқдарони Суғд то 14-уми июн идома меёбад.

Дар ин размоиш беш аз 2 ҳазор сарбозу афсари нерӯҳои мусаллаҳи хушкигард ва ҳавоии кишварҳои узви ШОС бо ҳавопаймоҳову чархболҳо, зиреҳпӯшу тӯпҳои нав, силоҳу лавозимоти мухталифи ҳарбӣ фаъолияти худро дар мубориза алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи тундрав дар шароити кӯҳистон ҳамоҳанг мекунанд.

Узбакистон, ки аз замони таъсиси СҲШ дар размоишҳои муштараки он иштирок накардааст, ин навбат ҳам бидуни тавзеҳ аз ширкат дар машқи муштараки ҳарбии ин ниҳод дар Тоҷикистон канора ҷустааст. Машқҳои муштарак таҳти фармондеҳии фармондеҳи қушунҳои хушкигарди Тоҷикистон, генерал-майор Эмомалӣ Собиров сурат мегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG