Пайвандҳои дастрасӣ

Талафот аз заминларзаи Афғонистон меафзояд


Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, заминларзаи қавии рӯзи душанбе чандин нафарро дар вилояти Бағлон куштааст ва то кунун бештар аз 70 нафар зери харобаҳо ҳастанд. Бештар аз ҳама рустои Дараи Ҳазора осеб дидааст. Абдуллоҳ як сокини 65 солаи русто мегӯяд, ҳашт узви хонаводааш дар заминларза ҳалок шудаанд. Ба гуфтаи Ғулом Фаруқ, раҳбари маркази ҳолатҳои фавқуллода дар ин маҳал 22 хона вайрон шуда ва аксари афроди бенишоншуда занону кӯдакон ҳастанд.
XS
SM
MD
LG