Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури "миллатгаро" савганд ёд кард


Рӯзи душанбе Томислав Николич, раиси ҷумҳури тозаинтихоби Сербистон дар маросиме расман савганд ёд кард, вале раҳбарони тамоми ҳамсояҳои Сербистон аз ширкат дар ин маросим даст кашиданд. Томислав Николич зимни адои савганд ваъда дод, ки роҳи рафоқатро пеша карда ва барои пайвастани Сербистон ба Иттиҳодияи Аврупо саъй хоҳад кард. Раҳбарони Хорватия, Босния, Словения ва Македония барои он ба маросими адои савганди ӯ наомаданд, ки Томислав Николич, чанде пеш гуфт, қатли оми бештар аз 5 ҳазор марду ҷавонони мусулмон дар Сребренитса дар соли 1995 наслкушӣ нест. Стефан Фулле, масъули умури тавсиаи Иттиҳодияи Аврупо, ки дар маросим ҳузур дошт, аз Сербистон хост, ҳамчунон дар роҳ ба сӯи узвият ба Иттиҳодияи Аврупо ҳаракат кунад.
XS
SM
MD
LG