Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз авҷ гирифтани хунрезӣ дар Сурия


Кофӣ Анон, фиристодаи вижаи Созмони Милали муттаҳид барои Сурия, мегӯяд, аз хушунатҳои афзоянда дар ин кишвар “ниҳоят нигарон” аст. Кофӣ Анон амалкардҳои нерӯҳои ҳукуматиро зикр кардааст, ки бо истифода аз танку тӯп ба такягоҳҳои шӯришиён ҳамла мекунанд ва мардуми ғайринизомӣ дар шаҳрҳои муҳосирашуда банд мондаанд. Чунин ба назар мерасад, ки созиши оташбаси ҳосилшуда бо миёнҷигарии Кофӣ Анон, бо вуҷуди ҳузури нозирони Созмони Милал дар Сурия риоят намешавад. Мухолифини давлат рӯзи душанбе гуфтанд, дар вилоятҳои Ҳумс ва Ал-Ҳаффо тақрибан 100 нафар кушта шудаанд. Вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд, режими Башшор Асад мехоҳад дар шаҳрҳои Ал-Ҳаффо, Даръо, Ҳумс ва Ҳамо қатли ом кунад.
XS
SM
MD
LG