Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунбаст дар музокироти Амрикову Покистон


Музокироти Амрико ва Покистон дар бораи дубора боз кардани роҳҳои таъминоти нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ба бунбаст ворид шудааст. Аз ин рӯ ба гуфтаи Ҷорҷ Литл, сухангӯи вазорати дифоъи Амрико, гурӯҳи музокиротиро ба Вашингтон бозпас хонданд. Ҷорҷ Литл афзуд, теъдоде аз аъзои гурӯҳи музокиракунанда рӯзҳои таътил Покистонро тарк карданд ва бақияи гурӯҳ низ ба зудӣ ҳамин корро мекунанд. Сухангӯи вазорати дифоъи Амрико афзуд, дар сурати тағйири шароит гурӯҳи музокиротӣ дарҳол ба Покистон сафар хоҳад кард. Ҷорҷ Литл гуфт, Питер Лавой, як мақоми баландпояи вазорати дифоъи Амрико ду рӯз пеш бо мақомоти баландпояи Покистон мулоқот кардааст, вале ба ӯ иҷоза надодаанд, бо Ашфақ Парвиз Каён, фармондеҳи артиш сӯҳбат кунад. Покистон роҳҳои таъминоти нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистонро моҳи ноябр баъди он баст, ки дар як ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои Амрико, 24 сарбози покистонӣ кушта шуданд. Покистон аз аслитарин роҳи таъмини нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ба ҳисоб мерафт.
XS
SM
MD
LG