Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъи сиҳатии Ҳуснӣ Муборак бадтар шудааст


Бино ба гузоришҳо, вазъи сиҳатии Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури собиқи Миср башиддат бадтар мешавад. Мақомоти зиндони Тора дар Қоҳира гуфтанд, ки рӯзи душанбе дили Ҳуснӣ Муборак аз тапиш мондааст ва барои ба тапиш овардани он ду бор аз абзори махсус истифода карданд. Пештар гуфта мешуд, ки Ҳуснӣ Мубораки 84-сола дар дохили шифохонаи зиндон гоҳе аз ҳуш мерафт ва гоҳ ба худ меомад. Ӯ ду ҳафта пеш барои адо кардани ҳукми зиндони якумрӣ ба инҷо оварда буданд. Ҳуснӣ Муборак, ки бештар аз 30 сол дар Миср ҳукумат ронд, рӯзи 2 июн аз ҷумла бо гуноҳи қатли тазоҳургарони қиёмҳои мардумии соли 2011, ба ҳабси абад маҳкум шуд, ки маҳз ҳамин қиёмҳо ба ҳукумати ӯ хотима дод. Мақомоти расмии Миср гуфтанд, ки алҳол вазъи сиҳатии Ҳуснӣ Муборак фавқуллода бад аст.
XS
SM
MD
LG