Пайвандҳои дастрасӣ

УЕФА: "Монеъи бадрафтории мухлисон шавед"


Федератсиюни футболи Аврупо аз мақомоти Лаҳистон ва Украина мизбонони мусобиқоти Ҷоми Аврупо хост, нагузоранд, ки мухлисон ҳангоми тамрин ва ё рақобатҳо футболбозонро таҳқир кунанд. UEFA дар як баёнияи расмӣ гуфт, бо ирсоли нома ба раисони шаҳрҳои мизбони мусобиқот аз онҳо хостааст, “аз рафторҳои табъизомез ва нажодпарастона дар бозиҳои тамринӣ” ҷилавгирӣ кунанд. Ҳамчунин аз мақомоти расмии Украина ва Лаҳистон хоста шудааст, ба хотири таъмини амният дар маҳалҳои тамрини бозигарон шумораи маъмурони пулисро бештар кунанд. Пештар аз ин Марк ван Боммел, капитани тими миллии Ҳолланд гуфт, дар шаҳри Кракови Лаҳистон, мухлисон ду бозигари сиёҳпӯсти тими онҳоро маймун гуфта, масхара кардаанд.
XS
SM
MD
LG