Пайвандҳои дастрасӣ

Бародари Ҳомид Карзай - Абдуқаюм дар интихоботи президентӣ номзадиашро пешбарӣ карданист


Бародари калонии Ҳомиди Карзай – Абдулқаюм Карзай ният дорад дар интихоботи президентии Афғонистон иштирок кунад. Дар ин бора дар сӯҳбат бо Озодӣ Маҳмуд Карзай, яке аз бародарони президенти амалкунанда гуфт. Айни замон Маҳмуди Карзай нагуфт, ки оё худи ӯ аз номзадии бародараш дар интихоботи соли 2014 пуштибонӣ мекунад ё на. Худи Абдулқаюм Карзай ҳанӯз дар ин бора изҳорот надодааст. Президент Карзай худ наметонад дигар барои бори сеюм дар интихобот ширкат кунад. Абдулқаюм Карзай 55 сол дошта соли 2008 аз узвияти парлумон бо сабаби саломатии заъифаш истеъфо дод. Бовар меравад, ки ӯ дар ҷараёнҳои музокироти сулҳ бо Толибон дар Арабистони Саудӣ ширкат мекунад.
XS
SM
MD
LG