Пайвандҳои дастрасӣ

Камол Алиспоҳич, сармураббии тими мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон, ҳайати дастаро, ки дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё (U-22) ширкат меварзад, эълон кард.

Ба ҳайати даста 23 нафар: 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар дохиланд:

дарвозабонҳо: Фаррух Бердиев («Парвоз»), Мӯъминҷон Гадойбоев («Хуҷанд»), Саидҷон Саидраҳмонов («Истиқлол»);

ҳимоятгарон: Сиёвуш Асроров, Наим Улмасов (ҳарду – «Вахш»), Аҳтам Назаров («Энергетик»), Манучеҳр Аҳмадов («Хуҷанд»), Дилшод Сафармамадов, Фурӯғ Қодиров (ҳарду – ССКА «Помир»), Алишер Шарифов («Регар-ТадАЗ»);

нимҳимоятгарон: Нуриддин Давронов («Истиқлол»), Ҷамолиддин Зардиев, Умедҷон Шарифов, Бахтиёр Қаландаров (ҳама – «Вахш»), Расул Файзов («Регар-ТадАЗ»), Шамсиддин Қосимов, Азимҷони Юнусзода (ҳарду – ССКА «Помир»), Нодирбек Маъмиров («Парвоз»), Қурбоналӣ Собиров («Зарафшон»);

ҳамлагарон: Шодибек Ғаффоров («Энергетик»), Ҷаҳонгир Эргашев (ССКА «Помир»), Абдурасул Раҳмонов («Гвардия»), Фирдавсӣ Қурбонов («Истиқлол»).

Ҷамъомади таълимиву тамринии даста, ки дирӯз, 10-уми июн, дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, шурӯъ шуд, то рӯзи 16-уми июн идома хоҳад кард.

Бар асоси нақша ду бозии санҷишӣ бо дастаҳои ССКА «Помир»-и Душанбе (12-уми июн, варзишгоҳи КМВА, соати 17:30) ва «Равшан»-и Кӯлоб (15-уми июн, варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе, соати 17:30) дар назар аст.

Ба даста боз як мутахассиси босниягӣ - Алмир Сеферович, мураббӣ оид ба тарбияти баданӣ, даъват шуд, ки ӯ ба Камол Алиспоҳич дар омодагии тими миллии Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати АФК (Конфедератсияи футболи Осиё)-2012 кӯмак карда буд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар рӯзи шанбе, 16-уми июн тавассути ҳавопаймо ба воситаи Дубай озими Малайзия хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Баҳрайн (23-юми июн), Ҷазоири Молдив (25-уми июн), Кувайт (28-уми июн), Эрон (1-уми июл) ва Қатар (3-юми июл) рақобат хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG