Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсарони фаронсавӣ аз Тоҷикистон ихроҷ мешаванд


Шаҳрвандони Фаронса, ки дар ҳамлаву таҳқири ходимони полиси Тоҷикистон муттаҳам мешуданд, аз ин кишвар ихроҷ мешаванд. Дар ин бора хабаргузории Азия-Плюс бар пояи иттилои дафтари Комиссиюни Аврупо дар Душанбе иттило дода мегӯяд, ки дипломати фаронсавӣ Малика Малкии 41-сола ва ва шавҳари мулкии ӯ Ҷалол Каззуи 40-сола хоки Тоҷикистонро тарк хоҳанд кард. Ҳафтаи гузашта Вазорати умури дохилаи кишвар дар сайти интернетии худ хабареро пахш карда гуфт, ки дипломатҳои аврупоӣ барои дар ҳолати мастӣ лату кӯб кардани ходимони полис боздошт шуданд. Радио Озодӣ хабар ёфт, ки дар ҳодисаи шоми 4 июн ҳамсарон бо ходимони тарабхона ва ҳам овозхони шинохта Сурайё Қосимова ва духтараш Шабнам ҷанҷол кардаанд. Полис гуфтааст, ки 20 шоҳид дар бораи рафтори ношоями онҳо баёнот додаанд.
XS
SM
MD
LG