Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зани ҳомилаи афғон ва хешовандонаш аз таркиши бомбаи сарироҳӣ ҷон доданд


Мақомот гуфтанд, ки бар асари таркиши як бомбаи сарироҳӣ як зане, ки лаҳзаҳои пеш аз таваллуди фарзанд савори мошини ёрии таъҷилӣ ба шифохона шитоб мекард, нобуд шудааст. Вазорати дохила гуфт, ки таркиши Сари Пул инчунин чаҳор узви хонаводаи ин зан – як мард, як зан ва ду кӯдакро куштааст. Вазорат гуфт, ки бомбаро душманони сулҳу суботи Афғонистон ҷо кардаанд. Дар вилояти Ғазнӣ чаҳор марди мулкӣ бар асари оташи як ҷангии Толибон, ки манзили онҳоро ҳадаф қарор додааст, ҷон доданд. СММ мегӯяд, ки 80 дар сади мавридҳои хушунат дар Афғонистон кори дасти Толибон ва муттафиқони онҳо аст.
XS
SM
MD
LG