Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собиқадори ҷанги Афғонистону Ироқ дар дуҳамсарӣ муттаҳам мешавад


Фармондеҳи собиқи артиши Амрико, ки дар Афғонистон ва Ироқ хизмат кардааст, барои дуҳамсарӣ дар додгоҳ муҳокима мешавад. Полковник Ҷеймс Ҷонсон барои муносибатҳояш бо як зани ироқӣ, ки солҳои 2005-2006 замони хизматаш дар Ироқ доштааст, аз рӯи шаш модда ҷавоб медиҳад. Баъди ба Ҳолланд кӯчиданаш Ҷонсон мошини хизматиро барои дидор бо ин зан истифода карда, ба ӯ иҷоза додааст, ки аз телефони мобили артиш бо маблағи куллии 80 ҳазор доллар сӯҳбат кунад. Баъдан ин ҷуфт издивоҷ кардааст, дар ҳоле, ки Ҷонсон он замон дар никоҳи ҳамсари аввалаш будааст. Дар рӯзи аввали мурофиа, ки рӯзи якшанбе дар Олмон барпо шуд, Ҷонсон ба аксари гуноҳҳояш иқрор шуд. Вай, ки соли гузашта аз фармондеҳии бригадаи ҳавоии 173-юм дур карда шуд, дар сурати гунаҳгор дониста шуданаш чанд солро дар зиндон сипарӣ карда инчунин дар бешарафӣ муттаҳам шавад.
XS
SM
MD
LG