Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони аврупоии муҳокимаҳои Юлия Тимошенко вориди Украина шуданд


Президенти собиқи Полша Александр Квасневски ва президенти пешини Иттиҳоди Аврупо Пет Кокс имрӯз вориди Украина шуданд, то ки дар бозбинии ҳукми зиндони нахуствазири собиқи зиндонӣ Юлия Тимошенко ширкат кунанд. Квасневски ва Кокс ҳафтаи гузашта нозири мурофиаҳои додгоҳии Тимошенко таъин шуданд, ки мавриди интиқоди шадиди Аврупо қарор гирифтааст. Тимошенко бо айби берун рафтан аз ваколатҳои хизматӣ ба ҳафт соли зиндон маҳкум шудааст. Нахуствазири Украина Микола Азаров бо истиқбол аз таъйиноти ин сиёсатмадорон ба унвони нозир гуфт, ки кишвари ӯ омода аст барои назорати бетарафи мурофиаи додгоҳии Тимошенко, ки рӯзи 26 июн барпо мешавад, намояндагони Аврупоро қабул кунад. Чанд кишвари аврупоӣ аз ширкат дар маросимҳои марбут ба Ҷоми аврупоии футбол, ки як бахши он дар Украина барпо мешавад, бино ба сарнавишти Тимошенко даст кашиданд. Рӯзи 13 июн қарор аст Юлия Тимошенко сарнавишти модари зиндониашро бо мақомоти вазорати адлияи Олмон баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG